Эстер
Пешгуфтор
1
Подшоҳи форс зиёфати шоҳона медиҳад
1 Замони ҳукмронии шоҳ Аҳашверӯш буд, ҳамон шоҳ, ки бар яксаду бисту ҳафт вилоят, аз Ҳиндустон сар карда, то Эфиопия подшоҳӣ мекард.
2 Он рӯзҳо ӯ сарзаминашро аз тахти шоҳонаи худ, ки дар қалъаи Шушан буд, роҳбарӣ менамуд.
3 Соли сеюми подшоҳияш шоҳ барои ҳамаи мансабдорону дарбориён зиёфат дод. Дар он сарлашкарони сарзамини форсу модҳо, мирон ва ҳокимони вилоятҳо иштирок доштанд.
4 Ӯ сарвати фаровони шоҳигарии худ ва шукӯҳу шаҳомати бузургиашро муддати дуру дароз, дар давоми шаш моҳ, ба меҳмононаш намоиш медод.
5 Пас аз тамом шудани зиёфати якум шоҳ барои ҳамаи сокинони қалъаи Шушан, чи камбағалу чи сарватманд, зиёфати дуюм дод. Он дар боғи девордори қасри шоҳ ҳафт шабонарӯз давом намуд.
6 Дар ин боғ пардаҳо аз матоъҳои пахтагини сафеду осмонранг бо бандҳои қиматбаҳои сафеду бунафшранг аз ҳалқаҳои нуқрагин гузаронида шуда, ба сутунҳои мармарин овезон буданд. Катҳои тиллоию нуқрагинро болои фарши мармарӣ, садафӣ ва аз дигар сангҳои қиматбаҳои сурху сиёҳ тайёршуда, қатор гузошта буданд.
7 Хизматгорон шаробро дар зарфҳои тиллоие, ки яке аз дигаре фарқ дошт, меоварданд. Шароби шоҳона аз сабаби бойигарии подшоҳ фаровон буд ва
8 мувофиқи қонун ҳар кас, чи қадаре ки мехост, менӯшид, зеро шоҳ ба ходимонаш фармуда буд, ки бо хости ҳар кас амал намоянд.
9 Зани подшоҳ — малика Ваштӣ низ дар қасри шоҳ Аҳашверӯш барои занон зиёфат медод.
Оқибати беитоатии Ваштӣ
10 Дар рӯзи ҳафтуми зиёфат подшоҳ аз нӯшидани шароб андак маст шуда, ба ҳафт хизматгорони шахсияш — Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас, фармон дод,
11 ки малика Ваштиро наздаш биёранд. Занаш ҳусни зебо дошт ва шоҳ хост, ки малика тоҷ бар сар пеши меҳмонон биёяд, то зебоии ӯро ба ҳама намоиш диҳад.
12 Лекин чун хизматгорон рафта, ба малика фармони шоҳро расониданд, малика амрашро рад карду ба зиёфат наомад.
13-14 Шоҳ Аҳашверӯш аз ин рафтори малика огоҳ шуда, ба хашм омаду хеле оташин гардид.
Аз рӯйи одаташ ӯ ба ситорашиносонаш — Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон муроҷиат карда, маслиҳат пурсид. Ин мансабдорони сарзамини Форсу Модай қонуну қоида ва анъанаҳоро медонистанд. Азбаски онҳо вазифаҳои баландтаринро соҳиб буданд, иҷозати назди подшоҳ даромадан доштанд.
Подшоҳ аз онҳо пурсид:
15 «Малика Ваштӣ ба фармони шоҳ, ки хизматгорон ба вай расониданд, итоат накард. Мувофиқи қонун ҷазои ӯ чист?»
16 Яке аз маслиҳатгарон — Мемухон дар ҳузури шоҳ ва мансабдорон гуфт: «Малика Ваштӣ на танҳо ба подшоҳ, балки ба ҳамаи мансабдорону тамоми мардуми вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш беҳурматӣ нишон дод.
17 Зеро чунин гуфтугузор мешавад, ки малика Ваштӣ фармони подшоҳро рад карда, наздаш наомад. Занон инро фаҳмида шавҳарони худро писанд намекунанд.
18 Худи ҳамин рӯз занони мансабдорони Форсу Модай, ки аз ин воқеа хабардор мешаванд, ба шавҳарони худ низ инро нақл мекунанд. Сипас дар оилаҳо хашму ғазаб ва беҳурматӣ зиёд хоҳад шуд.
19 Бинобар ин, агар ба подшоҳ писанд ояд, фармон бароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ҳеҷ гоҳ ба назди подшоҳ надарояд. Бигузор подшоҳ вазифаи ӯро ба зани дигаре, ки аз вай беҳтар аст, диҳад. Ин фармон дар қонуни ивазнашавандаи Форсу Модай ҷо шавад.
20 Вақте ки фармони шоҳ дар тамоми сарзамини бузургаш паҳн мешавад, боиси он мегардад, ки ҳар як зан дар ҳар хонавода, чи камбағалу чи сарватманд, шавҳари худро ҳурмат кунад».
21 Маслиҳати Мемухон ба ҳама писанд омаду подшоҳ аз пайи иҷрои он шуд.
22 Ӯ фармонро бо хати ҳар як вилояту забони ҳар як халқ навишта фиристод, то ҳар мард дар хонаи худ хӯҷаини оила бошаду бо забони халқаш гап занад.