13
Даъват ба тавба
1 Дар ин маврид баъзеҳо ба назди Исо омада, дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки Пилотус онҳоро ҳангоми қурбонӣ карданашон кушт.
2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба гумонатон ин ҷалилиён аз ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки бо онҳо чунин ҳодиса рӯй дод?
3 Не, мегӯям ба шумо! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед.
4 Ё ба фикратон он ҳаждаҳ нафаре, ки манораи Шилӯаҳ ба болояшон чаппа шуда нобудашон кард, аз дигар сокинони Ерусалим гунаҳкортар буданд?
5 Не, мегӯям ба шумо! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед».
Масал дар бораи дарахти анҷири бемева
6 Исо чунин масалеро гуфт: «Дар токзори як мард дарахти анҷире шинонда шуда буд. Вай омада, аз он мева ҷустуҷӯ кард, вале чизе наёфт.
7 Пас, ба боғбон гуфт: „Се сол боз ман меоям, то аз ин дарахт мевае пайдо бикунам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?“
8 Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар ҳам онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам.
9 Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бибуред“».
Шифо ёфтани зан дар рӯзи истироҳат
10 Дар яке аз рӯзҳои истироҳат Исо дар ибодатхона мардумро таълим медод.
11 Дар он ҷо зане ҳузур дошт, ки ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи нопок буд. Аз ин сабаб миёни зан хам гашта, ӯ ҳеҷ қоматашро рост карда наметавонист.
12-13 Исо инро дида, ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд.
14 Сардори ибодатхона, аз он ки Исо дар рӯзи истироҳат занро шифо бахшид, хашмгин шуда, ба мардум гуфт: «Барои кор кардан шаш рӯз ҳаст ва бояд на дар рӯзи истироҳат, балки дар яке аз ҳамин рӯзҳо омада, шифо ёбед».
15 Вале Худованд дар ҷавоб гуфт: «Эй дурӯягон! Магар ҳар яки шумо дар рӯзи истироҳат банди барзагов ё хари худро кушода онҳоро аз оғил берун намебароред, то рафта об бихӯранд?
16 Ҳол он ки ин зан аз авлоди Иброҳим аст ва шайтон ӯро ҳаждаҳ сол боз дар бандҳои худ нигоҳ медошт! Пас, наход мумкин набошад, ки ӯ дар рӯзи истироҳат аз ин бандҳо озод шавад?!»
17 Бо ин суханонаш Ӯ душманонашро шарманда кард ва тамоми мардум аз корҳои аҷибе, ки Ӯ мекард, шод мешуданд.
Масал дар бораи донаи хардал ва хамиртуруш
18 Исо гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст? Ман онро ба чӣ ташбеҳ диҳам?
19 Он ба донаи хардал монанд аст, ки шахсе гирифта, дар боғи худ мекорад. Он рӯида, дарахти калоне шуду паррандаҳо дар миёни шохаҳояш лона гузоштанд».
20 Боз гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунам?
21 Вай монанди он аст, ки зане хамиртуруше мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад».
Дари танг
22 Исо дар шаҳру деҳаҳо гашта мардумро таълим медод. Вай ба сӯи Ерусалим равона буд.
23 Шахсе аз Ӯ пурсид: «Хоҷаам! Магар шумораи ками одамон наҷот меёбанд?» Вай ба мардум гуфт:
24 «Саъю кӯшиш кунед, то аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон кӯшиш хоҳанд кард, ки аз он дар дароянд, вале ин ба онҳо муяссар нахоҳад шуд.
25 Вақте ки соҳибхона хеста дарро маҳкам мекунад, шумо дар берун мемонед ва дарро кӯфта мегӯед: „Хоҷа! Дарро ба рӯи мо бикушо!“ Вале ӯ ба шумо чунин ҷавоб медиҳад: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед!“
26 Он вақт шумо мегӯед: „Мо ҳамроҳи ту мехӯрдему менӯшидем. Ту дар кӯчаҳои мо мардумро таълим медодӣ“.
27 Вале ӯ ба шумо ҷавоб хоҳад дод: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед, дур шавед аз ман, эй ҳамаи бадкорон!“
28 Ва вақте ки шумо дар подшоҳии Худо Иброҳим, Исҳоқ, Ёқуб ва тамоми пайғамбаронро мебинеду худатон аз он ҷо ронда мешавед, аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунед.
29 Мардум аз шарқу ғарб ва шимолу ҷануб омада, дар гирди дастархони подшоҳии Худо менишинанд
30 ва баъзе аз онҳое, ки ҳоло дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд ва баъзе аз онҳое, ки дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд».
Дилсӯзии Исо дар ҳаққи Ерусалим
31 Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада гуфтанд: «Ба шумо лозим аст, ки аз ин ҷо баромада раведу сафаратонро давом диҳед, зеро Ҳиродус мехоҳад шуморо бикушад».
32 Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам.
33 Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Ерусалим ҳалок гардад.
34 Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!
35 Пас ҳоло хонаат бепарастор мемонад. Ба шумо мегӯям, ки то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид».