22
Нақшаи куштани Исо
Иди Фатир, ки боз иди Балогардон ном дорад, наздик мешуд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз мардум метарсиданд, бинобар ин роҳи пинҳонӣ ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамон вақт ба дили Яҳудои Исқарют, ки яке аз он дувоздаҳ шогирд буд, шайтон даромад. Яҳудо ба назди сардорони рӯҳонӣ ва саркорони посбонони Хонаи Худо омада, бо онҳо маслиҳат кард, ки бо кадом роҳ метавонад Исоро ба онҳо таслим кунад. Онҳо шод гашта, розӣ шуданд, ки ба Яҳудо пул диҳанд. Яҳудо ҳам розӣ шуд ва фурсати қулай меҷуст, ки аз мардум пинҳонӣ Исоро ба онҳо таслим кунад.
Тайёрӣ ба хӯроки иди Балогардон
Рӯзи иди Фатир ҳам фаро расид ва дар ин рӯз бояд барраи балогардонро қурбонӣ мекарданд. Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Бираведу бароямон дастархони иди Балогардонро тайёр кунед». Онҳо аз Ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳед, ки тайёр кунем?» 10 Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки ба шаҳр медароед, шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об бардошта мебарад. Аз ақибаш то ба хонае, ки вай медарояд, биравед. 11 Ба соҳиби он хона бигӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Балогардонро хӯрда метавонад?“ 12 Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ба тартиб оварда шудааст. Дастархонро дар ҳамон ҷо андозед». 13 Онҳо рафта, ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва хӯроки иди Балогардонро тайёр намуданд.
Таоми шом бо Худованд
14 Ҳангоме ки вақту соаташ расид, вакилон ҳамроҳи Исо ба гирди дастархон нишастанд. 15 Исо ба онҳо гуфт: «Бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубатҳоям бо шумо ин хӯроки иди Балогардонро бихӯрам. 16 Ба шумо мегӯям, аз он дигар нахоҳам хӯрд, то он вақте ки ба маънои пуррааш дар подшоҳии Худо ба амал наояд».
17 Баъд косаи майро гирифта дуои шукрона карду гуфт: «Инро гиреду банавбат бинӯшед. 18 Ба шумо мегӯям, минбаъд то вақти омадани подшоҳии Худо аз меваи ангур нахоҳам нӯшид». 19 Сипас, нонро гирифта, дуои шукрона намуд ва онро пора карда, ба вакилон доду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки аз барои шумо қурбонӣ карда мешавад. Ба хотираи Ман ҳамин тавр бикунед». 20 Ва айнан ҳамин тавр баъд аз хӯроки шом косаро гирифта гуфт: «Ин коса аҳди навест, ки дар хуни барои шумо мерехтаам, баста шудааст.* 21 Ҳоло нигоҳ кунед, касе, ки Маро таслим мекунад, бо Ман дар сари як дастархон нишастааст. 22 Бале, Фарзанди Инсон бо роҳе меравад, ки барояш муайян шудааст, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!»
23 Вакилон аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад.
Баҳсу мунозира дар бораи бузургӣ
24 Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад. 25 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо ва ҳокимони онҳо ҳукмашонро бар зердастони худ мегузаронанд ва „эҳсонкор“ номида мешаванд. 26 Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор. 27 Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам! 28 Шумо ҳамроҳам аз озмоишҳои Ман гузаштед 29 ва он подшоҳиеро, ки Падарам ба Ман ато намудааст, Ман низ ба шумо тӯҳфа мекунам, 30 то ки шумо дар подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва бар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед».
Пешгӯӣ дар бораи инкори Петрус
31 Исо гуфт: «Шимъӯн, Шимъӯн! Бидон, ки шайтон талабгори он шуд, ки ҳамаи шуморо монанди гандум аз ғалбер гузаронад. 32 Вале Ман барои ту дуо кардам, то ки имонатро аз даст надиҳӣ ва вақти ба наздам баргаштанат бародарони худро устувор гардонӣ». 33 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба ҳабс ва ҳам ба мурдан биравам!» 34 Вале Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, ҳой Петрус! Худи ҳамин рӯз, пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор мегӯӣ, ки Маро намешиносӣ».
35 Исо аз шогирдон пурсид: «Вақте ки Ман шуморо бе пул, бе борхалта ва бе пойафзол фиристода будам, магар ба чизе мӯҳтоҷ шуда будед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Ба ҳеҷ чиз». 36 Ӯ гуфт: «Вале акнун, бигзор он касе, ки пул дорад, пулу борхалтаашро бо худ бигирад. Агар шамшер надошта бошад, бигзор ҷомаашро фурӯхта, онро бихарад.
37 Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд“. Ин гуфтаҳо дар Ман бояд иҷро шаванд ва дар ҳақиқат ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро шуда истодааст». 38 Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Кифоя аст!»
Исо дар боғи Ҷатсамонӣ
39 Исо аз хона баромада, чун ҳарвақта ба теппаи Зайтун равона шуд. Шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд. 40 Ба он ҷо расида, Исо ба онҳо гуфт: «Дуо кунед, то ки ба васваса наафтед». 41 Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард:
42 «Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз Ман дур кун. Вале бигзор на хости Ман, балки хости Ту ба амал ояд!» 43 Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид. 44 Исо аз дарду сӯзиши зиёд бо ҷидду ҷаҳди бештаре дуо мекард ва арақ аз Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид. 45 Баъд аз дуо Исо бархеста, ба назди шогирдон рафт ва дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хобидаанд. 46 Пас, ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархеста дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».
Дастгир шудани Исо
47 Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, мардуми бисёре пайдо шуданд ва пешопеши онҳо касе меомад, ки Яҳудо ном дошту яке аз он дувоздаҳ шогирд буд. Вай ба Исо наздик шуд, то ки Ӯро бибӯсад. 48 Исо ба вай гуфт: «Яҳудо, магар бо ин бӯсаат Фарзанди Инсонро таслим мекунӣ?» 49 Пас шогирдоне, ки дар гирди Исо истода буданд, аз оқибати кор пай бурда гуфтанд: «Худовандо! Шояд шамшерҳоро ба кор барем?» 50 Ва яке аз онҳо ба ғуломи сарвари рӯҳониён ҳамла оварду гӯши росташро бурида партофт. 51 «Бас кунед, бас!» — гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод. 52 Баъд ба сардорони рӯҳонӣ, саркорони посбонии Хонаи Худо ва пирони қавм, ки барои дастгир намудани Ӯ омада буданд, гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки бо таёқу шамшерҳо омадаед? 53 Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар Хонаи Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Ҳоло бошад, даври шумо, яъне вақти ҳукмронии зулмот фаро расидааст».
54 Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Петрус каме дуртар аз онҳо роҳ мерафт.
Исоро инкор намудани Петрус
55 Дар мобайни ҳавлӣ гулхан даргиронданд ва одамон якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст. 56 Яке аз канизакон дид, ки вай дар равшании оташ нишастааст, бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!» 57 Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам». 58 Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не охир, ака!» — гуфт Петрус. 59 Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ ҷалилӣ аст». 60 «Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ», — гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад. 61 Худованд ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва Петрус суханони Худовандро ба ёдаш овард, ки гуфта буд: «Худи ҳамин рӯз, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». 62 Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
Исо дар назди шӯро
63 Одамоне, ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро таҳқир намуда мезаданд. 64 Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Ҳой пайғамбар! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?» 65 Ва Ӯро бисёр ҳақорат мекарданд.
66 Вақте ки рӯз шуд, ҷамоате аз пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон ҳамроҳ шуда, Исоро ба шӯрои худ оварданд.
67 Онҳо гуфтанд: «Ба саволамон ҷавоб деҳ. Оё Ту Таъиншудаи Худо ҳастӣ?» Исо гуфт: «Агар Ман ба саволатон ҷавоб диҳам, шумо бовар намекунед 68 ва агар худам савол диҳам, ҷавоб намегардонед. 69 Вале минбаъд Фарзанди Инсон аз тарафи рости Худои Пурқудрат хоҳад нишаст». 70 Ҳозирбудагон гуфтанд: «Пас, Ту-чи писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳастам, аз рӯи гуфти худатон». 71 Пас, онҳо гуфтанд: «Боз чӣ далеле ба мо лозим аст? Худи мо ҳама чизро аз забони Ӯ шунидем!»
* 22:20 22:20 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот қисми дуюми ояти 19 ва ояти 20 дохил нашудааст. 22:44 22:44 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот оятҳои 43 ва 44 дохил нашудаанд.