24
Зинда шудани Исо
1 Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд.
2 Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст.
3 Онҳо ба дарун даромада ҷасадро наёфтанд.
4 Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду одам пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд.
5 Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо мекобед?
6 Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Вай ба шумо чӣ гуфта буд?
7 Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад».
8 Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд.
9 Сипас он занҳо аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд.
10 Дар ин бора ба вакилон Марями Маҷдалия, Юҳона, Марям, ки модари Ёқуб буд ва занҳои дигар низ нақл карданд.
11 Вале суханони онҳо ба назари вакилон ҳамчун сафсатаи бофташуда намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд.
12 Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт.
Ба ду шогирд зоҳир гаштани Исо
13 Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан 12 километр аз Ерусалим дур буд.
14 Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.
15 Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд.
16 Аммо чашмони он ду нафарро гӯё чизе гирифта бошад, ки Исоро медиданду намешинохтанд.
17 Пас, Ӯ ба сухан даромада аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд
18 ва якеашон, ки Клеюпос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Магар Шумо ягона мусофире дар Ерусалим ҳастед, ки аз воқеаи ҳамин рӯзҳо дар ин ҷо рӯйдода хабар надоред?»
19 Исо пурсид: «Аз кадом воқеа?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеае, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд.
20 Вале сардорони рӯҳонӣ ва аъзоёни шӯрои мо Ӯро ба дасти румиён супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд.
21 Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Ҳа, боз як чиз… Имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод
22 ва ҳоло занҳои гурӯҳамон моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта,
23 ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст.
24 Чанд нафар аз гурӯҳи мо ба сари қабр рафта, ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале худи Исоро надиданд».
25 Исо ба он ду нафар гуфт: «Оҳ, чӣ хел шумо кундфаҳм ҳастед! Бо чӣ душворӣ ба ҳамаи он чизе, ки пайғамбарон гуфта буданд, имон меоваред!
26 Магар Таъиншудаи Худо пеш аз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалолаш шудан набояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд?»
27 Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мӯсо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷои навиштаҷотро, ки дар борааш чизе гуфта шуда буд, ба онҳо фаҳмонд.
28 Вақте он ду нафар ба деҳае, ки мерафтанд, наздик шуданд, ба назарашон намуд, ки Исо роҳашро давом додан мехоҳад.
29 Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд.
30 Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод.
31 Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт.
32 Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо сӯҳбат мекарду навиштаҷотро мефаҳмонд, магар мо ба ҳаяҷон намеомадем?»
33 Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Ерусалим баргаштанду он ёздаҳ вакил ва пайравони дигари Исоро ҷамъ шуда ёфтанд,
34 ки байни худ мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд аз мурдагон зинда шуд! Вай ба Шимъӯн зоҳир гардидааст».
35 Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар аснои роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд.
Ба ёздаҳ шогирд зоҳир шудани Исо
36 Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, баногоҳ дар мобайнашон Исо пайдо шуда ба онҳо гуфт: «Худо шуморо баракат диҳад!»
37 Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд.
38 Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд?
39 Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад».
40 Инро гуфта, ба онҳо дастону пойҳои худро нишон дод.
41 Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?»
42 Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтагӣ доданд.
43 Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
44 Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».
45 Он гоҳ Исо хиради онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд.
46 Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад.
47 Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад
48 ва шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед.
49 Ман ба шумо чизи Падарам ваъдакардаро мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Ерусалим бимонед».
Ба осмон бурда шудани Исо
50 Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Ҳинӣ рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод.
51 Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд
52 ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Ерусалим баргаштанд.
53 Сипас, тамоми вақти худ дар ҳавлии Хонаи Худо монда, Худоро ҳамду сано мехонданд.