3
Паёми Яҳё
1-2 Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд.
3 Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, эълон мекард, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд.
4 Дар бораи вай дар китоби Ишаъё пайғамбар чунин навишта шудааст:
«Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:
„Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!
5 Бигзор ҳар водӣ баланд шавад,
ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ мубаддал гардад.
Бигзор роҳҳои печ дар печ рост шуда, роҳҳои пасту баланд ҳамвор шаванд,
6 он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!“»
7 Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед?
8 Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед.
9 Теша аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки меваи хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад».
10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?»
11 Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду ҷома дорад, яктоашро ба касе диҳад, ки ба он мӯҳтоҷ аст ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин бикунад».
12 Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?»
13 Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он андозе, ки бароятон муайян карда шудааст, аз мардум наситонед».
14 Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву тӯҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед».
15 Мардум интизори омадани Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо буданд ва баъд аз шунидани гуфтаҳои Яҳё худ ба худ фикр мекарданд, ки шояд Яҳё Таъиншудаи Худо аст.
16 Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале тавонотаре аз ман меояд, ки ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод.
17 Дар дасти Ӯ бел барои бод кардани гандум тайёр аст. Вай бо он хирмани худро тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ мекунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
18 Ҳамин тавр Яҳё мардумро панду насиҳат карда, ба онҳо хушхабарро мерасонд.
19 Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард.
20 Бинобар ин Ҳиродус, бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба ҳабс андохт.
Таъмиди Исо
21 Инак, вақте ки ҳамаи мардум таъмид гирифта буданд, Исо низ таъмид гирифту ба дуогӯӣ машғул шуд. Дар ҳамин вақт осмон кушода шуда,
22 Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!»
Авлоду аҷдодони Исо
23 Вақте ки Исо ба хизмати худ шурӯъ намуд, тақрибан сисола буд ва ҳама гумон мекарданд, ки Ӯ писари Юсуф аст. Юсуф бошад, писари Элӣ,
24 Элӣ писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Яннай, Яннай писари Юсуф,
25 Юсуф писари Матитё, Матитё писари Омӯс, Омӯс писари Наҳум, Наҳум писари Ҳеслӣ, Ҳеслӣ писари Наҷҷой,
26 Наҷҷой писари Маҳат, Маҳат писари Матитё, Матитё писари Шимъӣ, Шимъӣ писари Юсуф, Юсуф писари Юдо,
27 Юдо писари Юҳонон, Юҳонон писари Ресо, Ресо писари Зарубобил, Зарубобил писари Шаалтиил, Шаалтиил писари Нерӣ,
28 Нерӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Аддӣ, Аддӣ писари Қӯсом, Қӯсом писари Элмадом, Элмадом писари Эр,
29 Эр писари Юсе, Юсе писари Элизер, Элизер писари Юрим, Юрим писари Маттот, Маттот писари Левӣ,
30 Левӣ писари Шимъӯн, Шимъӯн писари Яҳудо, Яҳудо писари Юсуф, Юсуф писари Юном, Юном писари Элёқим,
31 Элёқим писари Малё, Малё писари Мино, Мино писари Матато, Матато писари Натан, Натан писари Довуд,
32 Довуд писари Йисой, Йисой писари Убид, Убид писари Бӯаз, Бӯаз писари Салмӯн, Салмӯн писари Наҳшӯн,
33 Наҳшӯн писари Аминодоб, Аминодоб писари Адамин, Адамин писари Ҳорнӣ, Ҳорнӣ писари Ҳесрӯн, Ҳесрӯн писари Форас, Форас писари Яҳудо,
34 Яҳудо писари Ёқуб, Ёқуб писари Исҳоқ, Исҳоқ писари Иброҳим, Иброҳим писари Тораҳ, Тораҳ писари Ноҳӯр,
35 Ноҳӯр писари Саруҷ, Саруҷ писари Рау, Рау писари Фолаҷ, Фолаҷ писари Эбар, Эбар писари Шолаҳ,
36 Шолаҳ писари Қенон, Қенон писари Арфакшад, Арфакшад писари Сом, Сом писари Нӯҳ, Нӯҳ писари Ломак,
37 Ломак писари Матушолаҳ, Матушолаҳ писари Ҳанӯҳ, Ҳанӯҳ писари Ёрад, Ёрад писари Маҳалалъил, Маҳалалъил писари Қенон,
38 Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буданд.