15
Исо дар ҳузури Пилотус
Саҳарии барвақт сардорони рӯҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд.
Пилотус аз Исо пурсид: «Оё Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ҳамон тавре ки худатон мегӯед».
Сардорони рӯҳонӣ Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд. Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд». Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд.
Аз рӯи одат Пилотус дар ҳар ҷашнгирии ин ид як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд. Дар он вақт Бараббос ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар ҳабс менишаст. Мардум хоҳиш карданд, ки Пилотус мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад. Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки Шоҳи Яҳудиёнро бароятон озод кунам?» 10 Чун мефаҳмид, ки сардорони рӯҳонӣ Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
11 Вале сардорони рӯҳонӣ мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Бараббосро талаб кунанд. 12 Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?»
13 Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!»
14 Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
15 Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
Сарбозон Исоро масхара мекунанд
16 Сарбозон Исоро ба ҳавлии дарбор бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд. 17 Баъд ба Исо ҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанд. 18 Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» 19 Онҳо бо чӯб ба сараш мезаданд, ба Ӯ туф мекарданд ва дар наздаш ба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд. 20 Вақте ки онҳо масхара додани Ӯро бас карданд, ҷомаи бунафшрангро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро аз он ҷо берун бурданд.
Ба салиб мехкӯб шудани Исо
21 Дар роҳ онҳо бо як роҳгузари қуриние вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъӯн ном дошт ва падари Искандару Руфис буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. 22 Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт. 23 Сарбозон ба Ӯ майи бо мӯр* омехтаро доданд, вале Ӯ онро қабул накард. 24 Он гоҳ Исоро ба рӯи салиб мехкӯб карданду либосашро байни худ тақсим карданӣ шуда, бо партофтани қуръа соҳибшавандаи онро муайян карданд. 25 Соати нӯҳи саҳар буд, ки Ӯро рӯи салиб мехкӯб карданд. 26 Дар лавҳаи айбнома бар зидди Исо навиштанд: «Шоҳи Яҳудиён».
27-28  Ҳамроҳи Исо боз ду дуздро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.
29 Одамоне, ки аз он ҷо мегузаштанд, сар ҷунбонда Исоро мазоқ карда мегуфтанд: «Ту-ку мехостӣ Хонаи Худоро вайрон карда, дар муддати се рӯз онро аз нав созӣ, 30 пас, ҳоло аз салиб поён фаромада, худатро наҷот деҳ?»
31 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон низ Ӯро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад. 32 Бигузор Таъиншудаи Худо, ки Шоҳи Яҳудиён аст, акнун аз салиб поён фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро таҳқир мекарданд.
Марги Исо
33 Нисфирӯзӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт ва он то соати се давом кард. 34 Дар соати се Исо бо садои баланд фарёд зад: «Элла! Элла! Лама сабақтанӣ?», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?» 35 Баъзе аз ҳозирон инро шунида, гуфтанд, ки Исо Илёс пайғамбарро садо мекунад. 36 Сипас як нафар давида латтаеро ба сирко тар кард ва ба сари як чӯб гузошту барои нӯшидан ба Исо дароз кард ва гуфт: «Истед, бинем-чи, оё Илёс омада, Ӯро аз салиб гирифта поён мефарорад ё не?!» 37 Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод.
38 Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷои муқаддастарини Хонаи Худоро ҷудо мекард, аз боло то ба поёнаш дарида, ду пора шуд. 39 Вақте сардори лашкари румии дар рӯ ба рӯи салибистода дид, ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард Писари Худо буд!»
40 Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. 41 Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд.
Гӯронидани Исо
42 Шом шуд ва мардум ба рӯзи истироҳат тайёрӣ медиданд. 43 Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, ки аъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба назди Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. 44 Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст.
45 Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. 46 Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. 47 Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.
* 15:23 15:23 Мӯр — моддаи равған монанди зардранг, ки аз бутта гирифта мешавад ва аз он доруворӣ барои сабук кардани дард тайёр мекунанд. 15:27–28 15:27–28 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Ин ҳам дар навиштаҷот пешгӯӣ шуда буд: „Ӯ низ ба қатори ҷинояткорон дохил мешавад“».