5
Баракат ёфтани пайравони Исо
1 Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои теппае баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд,
2 Ӯ ба таълим додан оғоз кард:
3 «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад!
4 Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро Худо онҳоро тасаллӣ медиҳад!
5 Хушбахтанд касоне, ки хоксору дастнигари Худо ҳастанд, зеро онҳо ба рӯи замин ҳукмрон мешаванд!
6 Хушбахтанд касоне, ки аз таҳти дил иҷро шудани хости Худоро мехоҳанд, зеро Худо хости онҳоро пурра иҷро мекунад!
7 Хушбахтанд касоне, ки нисбати дигарон раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо низ раҳму шафқат хоҳад кард!
8 Хушбахтанд касоне, ки дилашон пурра ба Худо дода шудааст, зеро онҳо дар ҳузури Худо хоҳанд шуд!
9 Хушбахтанд касоне, ки одамонро оштӣ мекунонанд, зеро Худо онҳоро фарзандони худ хоҳад хонд!
10 Хушбахтанд касоне, ки ҳангоми иҷро кардани хости Худо азоб дода мешаванд, зеро Худо дар ҳаёташон подшоҳӣ мекунад!
11 Хушбахтед шумо, вақте ки мардум аз барои Ман шуморо дашном ва азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон бо тӯҳмат ҳар гуна сухани бад мегӯянд.
12 Он гоҳ шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд.
Намак ва нур
13 Шумо ҳамчун намак барои одамони ҷаҳон ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад.
14 Шумо ҳамчун нур барои одамони ҷаҳон намоён ҳастед. Шаҳре, ки дар болои кӯҳ бино шудааст, нонамоён буда наметавонад.
15 Инчунин ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад.
16 Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон равшанӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, раҳмат гӯянд.
Таълимот дар бораи аҳамияти шариати Мӯсо
17 Фикр накунед, ки Ман барои вайрон кардани шариати Мӯсо ва таълимоти пайғамбарон омадаам. Ман на барои вайрон кардан, балки барои ба амал овардани онҳо омадаам.
18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то мақсади ин шариат пурра амалӣ нагардад, ягон рах ё нуқтае аз ҳарфи он нест намешавад.
19 Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармоиши Худоро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки ин фармоишро иҷро кунад ва ба дигарон айнан ҳамин чизро ёд диҳад, дар подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд.
20 Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз шариатдонону фарисиён дида хости Худоро пурратар иҷро накунед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил намешавед.
Таълимот дар бораи фикрҳои бад
21 Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки одамкуш нашаванд, инчунин „ҳар касе, ки одам мекушад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад“.
22 Аммо Ман ҳоло мегӯям, ки агар касе ба бародаре қаҳру ғазаб кунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва агар ба бародаре „бефаҳм“ гӯяд, дар назди суди болотар ҷавоб медиҳад ва агар „аҳмақ“ гӯяд, сазовори оташи дӯзах мегардад.
23 Пас вақте ки шумо дар назди қурбонгоҳ ба Худо ҳадя оварданӣ мешаведу ба хотир меоред, ки бародаратон аз шумо норозигӣ дорад, бояд
24 ҳадяатонро дар як тарафи қурбонгоҳ гузошта, дарҳол назди ҳамон бародаратон равед ва бо ӯ оштӣ шавед. Баъд аз ин омада ҳадяатонро тақдим намоед.
25 Агар касе даъво карда, шуморо ба суд кашад, пеш аз суд зуд бо вай масъалаатонро ҳал намоед. Вагарна кор ба судшавӣ рафта расад, даъвогаратон метавонад шуморо ба дасти қозӣ супорад, қозӣ бошад ба дасти сарбоз ва шумо ҳабс шуданатон мумкин.
26 Ба ростӣ мегӯям, то охирин тангаи майдатаринро надиҳед, ҳаргиз аз ҳабс намебароед.
27 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Бо ҳеҷ кас алоқаи беникоҳ накун“.
28 Аммо Ман ҳоло мегӯям, ҳар кас ки ба зан нигоҳ карда, дар хаёлаш бо ӯ ҳамбистар шудан хоҳад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳро мекунад.
29 Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад.
30 Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида партоед! Бароятон беҳтар аст, ки аз ягон узви баданатон маҳрум шавед, назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах биафтад.
Таълимот дар бораи талоқ
31 Боз чунин гуфтаҳоро шунидаед, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“.
32 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар мард аз зани худ бо ягон сабаб, ба ғайр аз хиёнати вай, ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард дар алоқаи беникоҳи занаш айбдор мешавад. Инчунин марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор мешавад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад.
Таълимот дар бораи қавлу қасам
33 Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ҳар қавлро, ки ба Худованд додаанд, иҷро намоянд“.
34 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки тамоман қасам нахӯред, на бо осмон, чунки тахти Худо дар он ҷост,
35 на бо замин, чунки пойҳои Ӯ дар он ҷо қарор доранд, на бо шаҳри Ерусалим, чунки ин шаҳри Худо-Шоҳи бузург аст.
36 Бо сари худ ҳам қасам нахӯред, чунки як тори мӯятонро сафед ё сиёҳ ҳам карда наметавонед.
37 Бигзор „бале“ гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале“ бошад ва „не“ гуфтани шумо „не“ бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед аз Шахси Бад бармеояд.
Таълимот дар бораи қасос
38 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон“.
39 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед.
40 Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ бидиҳед.
41 Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки як километр роҳ равед, ду километр бо ӯ роҳ равед.
42 Вақте ки касе аз шумо чизе талаб мекунад, онро ба ӯ бидиҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шаванд, не нагӯед.
Таълимот дар бораи дӯст доштани душманон
43 Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Ҳар шахсеро, ки наздики шумо аст, дӯст бидореду душманатонро бад бинед“.
44 Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки душманонатонро дӯст бидоред, лаънаткунандагони худро баракат диҳед, ба касоне, ки шуморо бад мебинанд, некӣ кунед ва барои онҳое, ки шуморо азоб медиҳанд, дуо хонед,
45 то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон равшанӣ кунад, инчунин боронро ҳам ба бадкорон ва ҳам ба накӯкорон мефиристад.
46 Пас, агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чаро мукофот мегирифтаед? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд?
47 Ва агар фақат ба бародарони худ салом диҳед, аз дигарон дида чӣ кори бузургтаре мекунед? Беимонон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд.
48 Бинобар ин шумо беайбу нуқсон бошед монанди Падари осмонии худ, ки беайбу нуқсон аст».