8
Шифо ёфтани марди махав
Вақте ки Исо аз болои теппа поён фаромад, одамон тӯда-тӯда ҳамроҳи Ӯ рафтанд. Дар ин мобайн як марди махаве назди Исо омаду ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. Исо ба ӯ боз гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».
Шифо ёфтани хизматгори сардори лашкар
Сипас Исо ба деҳаи Кафарнаҳум ворид шуд, ки ба наздаш як сардори лашкаре омад ва ба зорию илтиҷо даромада гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст». «Ман рафта ӯро сиҳат мекунам», — гуфт Исо. Аммо сардори лашкар ҷавоб дод: «Хоҷа! Ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред. Шумо фақат як амр диҳед ва хизматгорам шифо хоҳад ёфт. Охир ман як фармонбардор ҳастам ва зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба ғуломам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
10 Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуми аз пасаш омадаистода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад. 11 Ба шумо мегӯям, бисёр касон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Ёқуб дар сари як дастархон хоҳанд нишаст. 12 Аммо онҳое, ки бояд дар подшоҳии Худо мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».
13 Баъд ба сардори лашкар гуфт: «Бирав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт.
Шифо ёфтани бисёр одамон
14 Вақте ки Исо ба хонаи Петрус даромад, хушдомани Петрусро бо таби баланд, рӯи ҷойгаҳ хобида дид. 15 Исо ба дасти вай даст расонд, ки табаш паст шуд ва зан аз ҷояш хеста, бо меҳмондорӣ кардани Ӯ машғул шуд.
16 Он бегоҳ одамон бисёр девонагонро назди Исо оварданд ва Исо амр дода, рӯҳҳои нопокро аз онҳо берун ронд ва ҳамаи беморонро низ шифо бахшид. 17 Ишаъё пайғамбар пештар гуфта буд: «Ӯ ҳамаи касалиҳоямонро аз мо гирифт ва ҳамаи бемориҳоямонро ба дӯши худ бардошт». Барои ба амал омадани ин суханон ҳамаи ин ҳодисаҳо рӯй доданд.
Шарту шароити пайрави Исо шудан
18 Боре Исо дар гирдаш ҷамъ шудани одамони зиёдро дида, ба шогирдонаш гуфт, ки ба дигар тарафи кӯл мераванд. 19 Дар ҳамин вақт як шариатдон наздаш омада гуфт: «Устод, ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам». 20 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Фарзанди Инсон ҷое надорам, ки сарамро монда дам гирам». 21 Дигаре аз ҷумлаи пайравон гуфт: «Хоҷаам! Иҷозат диҳед аввал рафта, мурдаи падарамро ба хок супорам». 22 Лекин Исо ба вай ҷавоб гардонда гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд».
Ором шудани тӯфон
23 Он гоҳ шогирдон Исоро пайравӣ карда, якҷоя бо Ӯ ба қаиқ савор шуданд. 24 Дар қаиқ Исо хоб мерафт, ки ногаҳон дар кӯл тӯфони сахте бархост ва аз шиддати мавҷҳо қаиқ қариб ғарқ мешуд. 25 Шогирдон омада, Исоро бедор карданд ва гуфтанд: «Хоҷа! Наҷот деҳ! Ҳалок мешавем!»
26 Исо ҷавоб дод: «Чӣ ин қадар метарсед? Ҳой, сустимонон!» Баъд бархеста шамолу мавҷҳоро таъна зад, дарҳол дар ҳама ҷо оромии том ҳукмфармо шуд. 27 Онҳо бошанд, ҳайрон монда мегуфтанд: «Ин чӣ хел одам аст, ки ҳатто шамолу мавҷҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
Шифо ёфтани ду девона
28 Ҳангоме ки Исо ба тарафи дигари кӯл, ба вилояти Ҷадариён расид, ду девонае аз қабристон берун баромада бо Исо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо чунон бадхашм буданд, ки касе ҷуръати аз он роҳ гузаштанро надошт. 29 Онҳо Исоро дида дод заданд: «Эй Писари Худо, Ту ба мо чӣ кор дорӣ? Ту омадӣ, ки моро пеш аз мӯҳлат азоб диҳӣ?»
30 Дар масофае аз онҳо галаи калони хукон мечарид. 31 Пас девҳо Исоро тавалло карда гуфтанд: «Агар моро берун карданӣ бошӣ, ба даруни он галаи хукон бифирист». 32 Исо ба онҳо «Дароед» гуфт ва онҳо аз он одамон берун баромада, ба галаи хукон даромаданд. Фавран тамоми гала давон-давон худро аз ҷарии назди соҳил ба кӯл партофта, дар об ғарқ шуд.
33 Хукбонон бошанд, аз он ҷо ба деҳа гурехта, ин воқеаро, аз он ҷумла ҳодисаи бо ду девона рӯй додаро ба ҳама нақл карданд. 34 Инак, тамоми аҳли деҳа барои бо Исо вохӯрдан аз деҳа берун омаданд. Вақте Ӯро диданд, зориву тавалло карданд, ки аз сарзаминашон биравад.