7
Беимонии бародарони Исо
1 Баъд аз он Исо дар сарзамини Ҷалил мегашт. Ӯ намехост, ки дар Яҳудия бошад, чунки роҳбарони яҳудӣ хоҳони марги Ӯ буданд.
2 Иди Хаймаҳои яҳудиён наздик омад
3 ва бародарони Исо ба Ӯ гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав! Бигзор шогирдонат ҳам корҳои мекардагиатро дар он ҷо бубинанд.
4 Зеро касе ки шӯҳрат пайдо кардан мехоҳад, корҳои худро дар пинҳонӣ намекунад. Ту, ки ин гуна корҳоро мекунӣ, худро ба ҷаҳон ошкор намо»
5 (Ҳатто бародаронаш ба Ӯ имон надоштанд).
6 «Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст, — ҷавоб дод ба онҳо Исо, — барои шумо ҳар вақт хуб аст.
7 Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале Маро бад мебинад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам.
8 Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст».
9 Инро ба онҳо гуфта, Исо дар Ҷалил монд.
Таълимоти Исо дар вақти ид
10 Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, Исо ҳам на ошкоро, балки пинҳонӣ ба он ҷо рафт.
11 Дар вақти ид роҳбарони яҳудӣ Ӯро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо «Ин одам дар куҷост?» гуфта мепурсиданд.
12 Дар байни мардум низ дар хусуси Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», — мегуфтанд баъзеҳо, дигарон эътироз карда «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд.
13 Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намегирифтанд.
14 Дар миёни ҳафтаи ид Исо ба Хонаи Худо омада, ба таълим додан шурӯъ намуд.
15 Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате ки дар ҳеҷ ҷо таълим нагирифтааст?»
16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз худам нест, балки аз касест, ки Маро фиристодааст.
17 Касе ки хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳад, мефаҳмад, ки ин таълимот аз Худост ё Ман аз худ мегӯям.
18 Ҳар кӣ аз номи худ сухан мегӯяд, барои худ шӯҳрат меҷӯяд, вале касе ки барои фиристандаи худ шӯҳрат ба даст овардан мехоҳад, ростқавл аст ва дар дили ӯ фиребе нест.
19 Магар Мӯсо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?»
20 Мардум ҷавоб доданд: «Ту дев дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?»
21 Исо ба онҳо гуфт: «Ман танҳо як кор кардам ва шумо ҳама дар тааҷҷуб мондед.
22 Мӯсо ба шумо анъанаи хатнаро фармуд (ин анъана на аз Мӯсо, балки аз аҷдодон мондааст) ва шумо писаронатонро ҳатто дар рӯзи истироҳат хатна мекунед.
23 Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мӯсо дар рӯзи истироҳат писаратонро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи истироҳат инсонеро пурра шифо бахшидам?
24 Аз рӯи намуди зоҳирӣ ҳукм накунед, балки аз рӯи адолат ҳукм кунед!»
Оё Исо Таъиншудаи Худо аст?
25 Баъзе аз сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд?
26 Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход ҳукуматдорон фаҳмида бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Таъиншудаи Худо аст?
27 Мо бошем, аз куҷо будани ин одамро медонем. Аммо, вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, аз куҷо будани Ӯро ҳеҷ кас намедонад».
28 Он гоҳ Исо, ки дар Хонаи Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале
29 Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».
30 Сипас онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд.
31 Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда мегуфтанд: «Вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, магар аз ин одам бештар мӯъҷиза нишон дода метавонад?»
32 Фарисиён дар байни мардум пичир-пичиркунон дар бораи Исо гуфтани чунин чизҳоро шуниданд. Баъд онҳо ва сардорони рӯҳонӣ барои дастгир кардани Исо посбонони Хонаи Худоро фиристоданд.
33 Он гоҳ Исо гуфт: «Боз каме вақт бо шумо мемонаму баъд ба назди фиристандаи худ бармегардам.
34 Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед. Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед».
35 Роҳбарони яҳудӣ ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо рафтан мехоҳад, ки мо Ӯро ёфта наметавонем? Оё Ӯ барои таълим додани ғайрияҳудиён ба шаҳрҳои онҳо рафтанист, ки мардуми мо низ он ҷо зиндагӣ мекунад?
36 Ӯ „Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед“ ва „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта чиро дар назар дорад?»
37 Дар рӯзи охирин ва муҳимтарини ид Исо аз ҷояш бархеста, бо овози баланд эълон кард: «Касоне ки ташнаанд, назди Ман оянд ва бинӯшанд!
38 Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз ботини он касе, ки ба Ман имон меоварад, дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд».
39 Ӯ инро дар бораи Рӯҳе гуфт, ки касони ба Ӯ имоноварда қабул карданашон лозим буд. Рӯҳ ҳанӯз ато нашуда буд, зеро Исо ҳанӯз соҳиби тамоми шӯҳрату ҷалоли худ нагардида буд.
40 Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин одам дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо мунтазираш будем!»
41 «Ин Таъиншудаи Худо аст!» — мегуфтанд дигарон.
Баъзеи дигарон мегуфтанд: «Таъиншудаи Худо ҳаргиз аз Ҷалил пайдо намешавад!
42 Охир, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо бояд аз авлоди шоҳ Довуд, дар деҳаи Байт-Лаҳм, ки Довуд зиндагӣ мекард, пайдо шавад».
43 Инак, дар байни мардум дар бораи Исо низоъ бархост.
44 Баъзеҳо мехостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин ҳеҷ кас ба Ӯ даст нарасонд.
Нобоварии роҳбарони яҳудӣ
45 Вақте ки посбонон ба назди сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён баргаштанд, аз посбонон пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?»
46 Посбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин шахс сухан нагуфтааст!»
47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Наход Ӯ шуморо ҳам гумроҳ карда бошад?
48 Магар касе аз сардорон ё фарисиён ба Ӯ имон овардааст?
49 Мардум бошад, аз шариат бехабар ва лаънатзадаанд!»
50 Аммо яке аз онҳо Ниқодимус, ки пештар ба назди Исо омада буд, ба онҳо гуфт:
51 «Оё аз рӯи шариатамон мо касеро нашунида ва кори кардаашро муайян накарда, ба ӯ ҳукм мебарорем?»
52 Онҳо ҷавоб доданд: «Ту худат-ку аз Ҷалил нестӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад».
[
53 Он гоҳ ҳама ба хонаҳояшон рафтанд.