8
Бахшиш ёфтани зани гунаҳкор
1 Исо бошад, ба теппаи Зайтун рафт.
2 Саҳарии барвақт Ӯ боз ба Хонаи Худо омад. Тамоми мардум ба наздаш омаданд ва Ӯ нишаста ба таълим додани онҳо шурӯъ кард.
3 Дар ин вақт шариатдонону фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми алоқаи беникоҳ доштанаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта,
4 ба Исо гуфтанд: «Эй устод, ин зан ҳангоми алоқаи беникоҳ доштанаш дастгир шудааст.
5 Мӯсо дар шариат фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор карда шаванд. Шумо чӣ мегӯед?»
6 Онҳо ин суханонро барои ба дом афтондани Исо гуфтанд, то ки баъд Ӯро айбдор намоянд.
Аммо Исо сарашро хам карда бо ангушташ дар рӯи замин чизе менавишт.
7 Онҳо савол доданро бас намекарданд, ки Исо бархеста, ба онҳо гуфт: «Касе ки дар байни шумо бегуноҳ бошад, бигзор аввалин шуда, ӯро бо санг занад!»
8 Исо боз сарашро хам карда дар рӯи замин менавишт.
9 Мардум инро шуниданду аз калонсолон сар карда яке аз паси дигар ба ҳар тараф пароканда шуданд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд.
10 Ӯ сари худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо рафтанд? Магар касе туро айбдор накард?»
11 «Ҳеҷ кас, хоҷа», — гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, — гуфт Исо. — Рав ва дигар гуноҳ накун». ]
Нури ҷаҳон
12 Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт бо ӯст».
13 Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати Ту эътибор надорад».
14 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман боэътибор аст, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед.
15 Шумо аз рӯи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам.
16 Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст.
17 Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки шаҳодати ду гувоҳ боэътибор аст.
18 Ман аз номи худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад».
19 Бинобар ин онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро ва на Падарамро мешиносед, — ҷавоб дод Исо. — Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».
20 Ин суханонро Ӯ ҳангоми дар назди хазинаи Хонаи Худо таълим додан гуфта буд. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.
Пешгӯйии марги Исо
21 Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман баъд аз чанд вақт меравам. Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале бо гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед».
22 Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед“ гуфта чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?»
23 Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами поён ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам.
24 Ман ба шумо гуфтам, ки „бо гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар бовар накунед, ки он чӣ дар бораам гуфтам, Ман ҳастам, шумо ҳатман бо гуноҳҳоятон мемиред!»
25 «Ту кистӣ?» — пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам.
26 Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».
27 Онҳо нафаҳмиданд, ки Вай ба онҳо дар бораи Падар мегуфт.
28 Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Фарзанди Инсонро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки Ман ҳамонам ва аз худ ҳеҷ коре намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст.
29 Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».
30 Бисёр касон аз рӯи ин суханон ба Ӯ имон оварданд.
Шогирди ҳақиқӣ
31 Пас, Исо ба онҳое, ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед
32 ва ростиро мефаҳмед ва ин ростӣ шуморо озод мекунад».
33 Онҳо гуфтанд: «Мо аз авлоди Иброҳим ҳастем ва ҳаргиз ғуломи касе набудем! Пас, „озод хоҳед шуд“ гуфта, чиро дар назар дорӣ?»
34 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ҳар касе ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст.
35 Ғулом дар як хонадон то охир зиндагӣ намекунад, аммо писар ҳамеша дар хонадон мемонад.
36 Агар Писар ба шумо озодӣ бахшад, он вақт ҳақиқатан озод хоҳед шуд.
37 Ман медонам, ки шумо аз авлоди Иброҳим ҳастед, бо вуҷуди он шумо барои куштани Ман тайёред, чунки суханони Маро қабул намекунед.
38 Ман ба шумо чизҳоеро мегӯям, ки дар назди Падарам дидаам, шумо бошед, он кореро мекунед, ки аз падари худ шунидаед».
39 «Аҷдоди мо Иброҳим аст!» — ба Ӯ ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ҳақиқатан аз авлоди Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед.
40 Вале шумо Маро, ки ростиро аз Худо шунида ба шумо гуфтам, куштан мехоҳед! Иброҳим чунин кор накардааст!
41 Шумо корҳои падари худро ба ҷо меоваред!» «Мо-ку ҳаромзода нестем! — ба ғазаб омаданд онҳо, — мо як падар дорем, ки Ӯ Худо аст!»
42 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст.
43 Чаро шумо суханони Маро намефаҳмед? Чунки шумо тоқати шунидани онҳоро надоред!
44 Падари шумо иблис аст ва шумо орзуву ҳаваси падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз азал одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, чун дар ӯ ростӣ нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост.
45 Лекин, азбаски Ман рост мегӯям, шумо ба Ман имон намеоред.
46 Кадоме аз шумо метавонад Маро дар ягон гуноҳ айбдор кунад? Пас, агар Ман ба шумо ростиро гӯям, чаро ба Ман имон намеоред?
47 Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо барои он гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».
Исо ва Иброҳим
48 Мардум ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»
49 Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари худро ҳурмат мекунам, вале шумо Маро бадном мекунед.
50 Ман дар ҷустуҷӯи шӯҳрати худ нестам, каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ довар мешавад.
51 Ба шумо рост мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».
52 Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо яқин донистем, ки Ту девона ҳастӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад.
53 Иброҳим мурд, магар Ту аз ӯ бузургтар ҳастӣ? Пайғамбарон ҳам мурдаанд. Ту худро кӣ ҳисоб мекунӣ?»
54 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман худро шӯҳрат медодам, шӯҳрати Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шӯҳрат медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед!
55 Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам.
56 Аҷдоди шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!»
57 «Ту ҳанӯз панҷоҳсола нашудаӣ ва наход Иброҳимро дида бошӣ?!» — гуфтанд одамон.
58 Исо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки пеш аз ба дунё омадани Иброҳим ҳам Ман ҳастам».
59 Он гоҳ онҳо барои сангсор кардани Ӯ санг гирифтанд, вале Исо худро пинҳон карда, аз Хонаи Худо баромада рафт.