9
Шифо ёфтани кӯри модарзод
1 Исо роҳравон шахсеро дид, ки кӯри модарзод буд.
2 Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Устод, аз барои гуноҳи кӣ ӯ кӯр таваллуд шудааст? Аз барои гуноҳи худаш ё гуноҳи падару модараш?»
3 Исо дар ҷавоб гуфт: «На аз барои гуноҳи худаш ва на аз барои гуноҳи падару модараш. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ҳаёти вай нишон дода шаванд.
4 То рӯз аст, мо бояд корҳои фиристандаи Маро иҷро кунем. Вақте ки шаб мешавад, касе кор карда наметавонад.
5 То Ман дар ҷаҳон ҳастам, Ман нури ҷаҳонам».
6 Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва
7 ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилӯаҳ (маънои он „фиристода“ аст) рӯятро бишӯй».
Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт.
8 Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?»
9 «Бале, ин ҳамон шахс аст», — мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам.
10 «Ту чӣ тавр бино шудӣ?» — пурсиданд аз ӯ.
11 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилӯаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам».
12 «Ӯ дар куҷост?» — пурсиданд онҳо. «Намедонам», — ҷавоб дод ӯ.
Пурсуҷӯ оид ба шифо ёфтани марди кӯр
13 Мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
14 Рӯзе, ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи истироҳат буд.
15 Фарисиён ҳам ӯро пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам».
16 Баъзе аз фарисиён гуфтанд, ки одами ин корро карда аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи истироҳатро риоя намекунад. Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин мӯъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо низоъ ба вуҷуд омад.
17 Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», — ҷавоб дод он мард.
18 Онҳо то падару модари он кӯрро даъват накарданд боварӣ надоштанд, ки ин одам пештар кӯр буду баъд бино шуд. Баъд аз даъват кардан
19 аз онҳо пурсиданд: «Ин писари шумост? Шумо мегӯед, ки ӯ кӯр таваллуд шуда буд. Пас, чӣ тавр ӯ ҳоло дида метавонад?»
20 Падару модари вай ҷавоб доданд: «Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шудааст.
21 Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ акнун медидагӣ шуд ва кист он касе, ки чашмони ӯро шифо додааст. Аз худи ӯ бипурсед. Ӯ ба воя расидааст ва худаш дар бораи худ гуфта метавонад».
22 Падару модари ӯ аз тарси роҳбарони яҳудӣ чунин ҷавоб доданд, зеро роҳбарони яҳудӣ чунин қарор карданд: ҳар кӣ Исоро Таъиншудаи Худо гӯяд, аз ибодатхона ҷудо карда мешавад.
23 Барои ҳамин ҳам падару модари вай гуфтанд, ки «Ӯ ба воя расидааст, аз худаш пурсед».
24 Инак, шахсеро, ки кӯр буд, бори дигар ҷеғ зада, ба ӯ гуфтанд: «Ба Худо росташро бигӯй! Мо медонем, ки он шахс гунаҳкор аст».
25 «Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, — ҷавоб дод ӯ. — Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам».
26 Онҳо боз пурсиданд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро бино кард?»
27 «Ман ба шумо гуфта будам, вале шумо гӯш накардед, — ҷавоб дод ӯ. — Чаро боз шунидан мехоҳед? Шояд шумо ҳам шогирди Ӯ шуданӣ ҳастед?»
28 Онҳо ӯро ҷанг карда: «Ин ту шогирди Ӯ ҳастӣ, аммо мо шогирдони Мӯсо ҳастем.
29 Мо медонем, ки Худо бо Мӯсо гап задааст, вале дар бораи ин одам бошад, ҳатто аз куҷо буданашро намедонем».
30 Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард.
31 Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанду хости Ӯро иҷро мекунанд.
32 Аз рӯзе, ки олам ҳаст, боре нашунидаем, ки касе кӯри модарзодро бино карда бошад!
33 Агар Ӯ аз ҷониби Худо намеомад, Ӯ ҳеҷ чиз карда наметавонист!»
34 Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ!» Инро гуфта, ӯро берун ронданд.
Кӯрии рӯҳӣ
35 Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Фарзанди Инсон имон дорӣ?»
36 Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ кист, то ба Ӯ имон оварам».
37 «Ту Ӯро дидаӣ, — гуфт Исо. — Ӯ ҳамон касест, ки ҳоло бо ту гап мезанад».
38 «Эй Худованд, имон дорам!» — ҷавоб дод вай ва ба Исо саҷда кард.
39 Исо гуфт: «Ман ба ин ҷаҳон барои доварӣ омадам, то онҳое, ки кӯр ҳастанд, бино шаванд ва онҳое, ки мебинанд, кӯр шаванд».
40 Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Шумо моро-ку кӯр намешуморед?»
41 Исо ҷавоб дод: «Агар шумо дар ҳақиқат кӯр мебудед, дар гуноҳ айбдор намешудед. Вале ҳоло худатон мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳатон дар гардани худатон мемонад».