15
Таълимоти аҷдодон
1 Сипас, ба назди Исо аз Ерусалим чанд нафаре аз фарисиёну шариатдонон омада пурсиданд:
2 «Чаро шогирдони Шумо урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо бетаҳорат сари дастархон мешинанд!»
3 Ӯ ҷавоб дод: «Худи шумо-чӣ? Чаро барои иҷро кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро вайрон мекунед?
4 Худо ба мо фармудааст: „Падару модари худро эҳтиром кунед“ ва „ҳар кӣ дар ҳаққи падар ё модараш сухани қабеҳ гӯяд, ҷазояш марг аст“.
5 Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш бо чизе ёрӣ расонда тавонад, вале ёрӣ нарасонда гӯяд, ки ман инро ба Худо мебахшам,
6 он гоҳ ҳоҷат нест, ки ба падараш изҳори эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо барои риоя кардани урфу одатҳои худ шуда, фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед.
7 Эй одамони дурӯя! Ҳақ буд Ишаъё пайғамбар, вақте ки оид ба шумо пешгӯӣ карда гуфта буд:
8 „Худо мегӯяд:
«Ин одамон бо суханонашон Маро таъриф мекунанд,
вале дар асл дилашон аз Ман дур аст.
9 Онҳо Маро бефоида парастиш мекунанд,
чунки қонуну қоидаҳои инсониро „қонуни Худо“ гуфта таълим медиҳанд!»“».
Чизҳои одамро ҳаромкунанда
10 Баъд Исо мардумро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Ҳамин чизро бидонед, ки
11 он чи аз даҳони одам ба дарунаш медарояд, ӯро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳонаш берун мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».
12 Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Медонед, фарисиён аз суханони Шумо ранҷиданд».
13 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар гиёҳе, ки Падари осмониам нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад.
14 Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз дигар кӯронро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳардуяшон рафта ба чоҳ меафтанд».
15 Дар ин вақт Петрус ба Исо мегӯяд: «Ба мо маънои масали пештар овардаатонро шарҳ диҳед».
16 Ӯ ба онҳо мегӯяд: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед?
17 Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз меъда гузашта берун мебарояд?
18 Лекин он чи аз даҳон мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд.
19 Зеро аз дил фикрҳои бад берун меоянд, ки сабаби одамкушӣ, алоқаи беникоҳ, фисқу фуҷур, дуздиву шаҳодати дурӯғдиҳӣ ва тӯҳматкунӣ мегарданд.
20 Ана ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо бетаҳорат ба сари дастархон нишастан одамро ҳаром намекунад».
Имони як зан
21 Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт.
22 Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст».
23 Аммо аз Исо садое ҳам набаромад. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан доду войкунон аз дунболи мо омада истодааст. Ба вай гӯед, ки биравад!»
24 Исо ҷавоб дод: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшуда — халқи Исроил фиристода шудаам!»
25 Дар ин мобайн зан ба Ӯ расида омаду ба пеши пойҳояш худро партофта зориву илтиҷо кард: «Хоҷаам, ба ман ёрӣ диҳед!»
26 Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта ба сагон партофтан дуруст нест».
27 «Рост мегӯед, Хоҷаам, — гуфт дар ҷавоб зан, — лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибашон боқимондаро мехӯранд-ку».
28 Исо ба ин ҷавоби ӯ гуфт: «Имонат бениҳоят боқувват будааст, хоҳар! Он чи мехостӣ бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.
Шифо ёфтани бисёр беморон
29 Исо он ҷойро тарк карду қад-қади кӯли Ҷалил рафта ба теппае баромада нишаст.
30 Ба назди Вай тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз дигар хел касалонро оварда пеши пойҳояш мегузоштанд ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо медод.
31 Дар пеши назари ҳама гунгҳо гап задаву лангҳо роҳ рафтаву кӯрон дида метавонистагӣ шуданд, маъюбон сиҳат гаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд.
Бо ҳафт нону якчанд моҳӣ сер кардани зиёда аз чор ҳазор кас
32 Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ аз ҳол нараванд».
33 Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Дар ин биёбон мо аз куҷо ин қадар нон меёбем, ки ба чунин тӯдаи одамон расонда тавонем?»
34 Исо дар навбати худ аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто, — ҷавоб доданд онҳо, — ва якчанд моҳии хурд ҳам дорем».
35 Ӯ мардумро фармуд, ки рӯи замин бишинанд.
36 Баъд он ҳафт нону моҳиҳоро ба даст гирифта, Худоро шукргӯён онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро гирифта ба мардум тақсим карданд.
37 Ҳамаи то сер шудан хӯрданду шогирдон боз ҳафт сабади калон пур аз нонпораҳои боқимонда ҷамъ карданд.
38 Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор нафар буд.
39 Пас Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуду ба сарзамини Маҷдал раҳсипор гашт.