16
Талаб кардани нишона
1 Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Вайро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад.
2 Аммо Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар шомгоҳон осмон кушода бошад, шумо мегӯед, ки пагоҳ ҳавои нағз мешавад.
3 Агар субҳидам осмон тираву гирифта бошад, мегӯед, ки имрӯз шамолу боронгарӣ мешавад. Шумо нишонаҳои осмонро дида чӣ гуна шудани ҳаворо фаҳмида метавонеду нишонаҳои ҳозиразамонро дида, онҳоро муайян карда наметавонед.
4 Фақат насли ба Худо бевафою бадон нишона меҷӯяд! Худо ба ин насл ҳеҷ нишонаи дигаре ба ғайр аз он ки бо Юнус пайғамбар рӯй додааст, намедиҳад».
Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт.
Хамиртуруши фарисиёну саддуқиён
5 Вақте ки шогирдон ба дигар тарафи кӯл расида омаданд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд.
6 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед».
7 Он гоҳ шогирдонаш ба муҳокима даромада, ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби бо худ нон нагирифтанамон инро гуфт».
8 Лекин Исо аз муҳокимаи онҳо дарак дошт ва пурсид: «Ҳой, барои чӣ шумо набудани нонро бо якдигар муҳокима мекунед? Имонатон ин қадар суст аст?!
9 Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабад ҷамъ кардед?
10 Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар чанд сабади калон ҷамъ кардед?
11 Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!»
12 Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ на аз хамиртуруши нон, балки аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шудани онҳоро дар назар дошт.
Кӣ будани Исоро эълон кардани Петрус
13 Исо бо шогирдонаш ба маҳаллаи назди шаҳраки Қайсарияи Филиппус рафт. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон дар бораи кӣ будани Фарзанди Инсон чӣ мегӯянд?»
14 Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, қисми дигари одамон мегӯяд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз дигар пайғамбарони гузашта омадааст».
15 Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?»
16 Шимъӯни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худои зинда ҳастӣ».
17 Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст.
18 Бинобар ин ба ту мегӯям, ки ту Петрус — санг ҳастӣ ва дар болои ин санг Ман ҷамоати имондорони худро пойдор менамоям ва онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд.
19 Ман ба ту калидҳои подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро, ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо аз осмон онро манъ мекунад ва ба ҳар чӣ, ки иҷозат диҳӣ, Худо аз осмон ба он иҷозат медиҳад».
20 Баъд Исо ба шогирдонаш қатъӣ таъкид кард, ки Таъиншудаи Худо будани Ӯро ба касе нагӯянд.
Марги худро пешгӯӣ кардани Исо
21 Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.
22 Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Худо нишон надиҳад! Эй Худованд, он чи гуфтӣ, бигзор ба сарат наояд!»
23 Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту ба Ман халал расонда истодаӣ, чунки ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ!»
24 Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
25 Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, ҳаёти абадӣ ба даст меоварад.
26 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад.
27 Фарзанди Инсон бо шӯҳрату ҷалоле, ки Падараш ба Ӯ медиҳад, ҳамроҳи фариштаҳои худ меояд ва ба ҳама он чиро, ки мувофиқи амалашон сазовор мешаванд, медиҳад.
28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон мебинанд, ки чӣ тавр Фарзанди Инсон барои подшоҳӣ кардан меояд».